Беҳтарин ошпази Панҷакент аз маҳаллаи Шафтолузор будааст

Дар Панҷакент фестивали “Лаззати Панҷакент” ва “Оши палав” баргузор шуд, ки дар он тамоми ҳунармандони шаҳру деҳот ва намояндагони 14 ширкати сайёҳӣ ширкат варзиданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik.  Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бори аввал дар шаҳри Панҷакент фестивали “Лаззати Панҷакент” баргузор гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти шаҳри Панҷакент.

Бино бар иттилои манбаъ, дар ин рӯз ҳамчунин фестивали “Оши палав” низ баргузор шуд. Дар он зиёда аз 10 ошпаз ширкат намуданд.

Ҳайати ҳакамон беҳтарин ошпазҳо-ғолибонро муайян карда, ба ошпази маҳаллаи Шафтолузор, Облоқул Абдулхонов ҷои аввал (500 сомонӣ),  ба ошпази маҳаллаи Азизобод, Мавлон Фахриев ҷои дуюм (300 сомонӣ) ва ба ошпази Ҷамоати деҳоти Хурмӣ, Аброр Қодиров мақоми сеюмро (200 сомонӣ) сазовор донистанд.

Ҳам ош хӯрданд, ҳам навор гирифтанд: Назарзода бархе масъулинро бесаводу беадолат гуфт

Инчунин раиси шаҳри Панҷакент ба ғолибон Ифтихорнома ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим кард.

Дар фестивал фарҳангӣ дар баробари меҳмонон ва сокинон ҳамзамон даҳҳо нафар сайёҳони хориҷӣ низ ширкат намуданд.

“Онҳо бо ҳунару анъанаҳои мардуми тоҷик шиносоӣ пайдо карданд. Сайёҳон дар назди ҳунармандон бо табақҳои оши тоҷикӣ ва дегҳо аксбардорӣ мекарданд. Фестивал ду рӯз идома ёфта, меҳмонону сайёҳон бо ёдгориҳои беназири таърихии Панҷакент, намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ ва имкониятҳои сайёҳии ин шаҳри қадимӣ ошнои пайдо карданд”,- меафзояд манбаъ.