Фармон, амр ва қарорҳои тозатарини Эмомалӣ Раҳмон

Бо амру фармони раисиҷумҳур ва қарорҳои тозатарини Ҳукумати Тоҷикистон, ки президент, Эмомалӣ Раҳмон имзо кардааст, метавонед дар бахши вижаи Sputnik Тоҷикистон шинос шавед.

Қарори Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи баргардонидани таътил ба донишомӯзон

Ҳукумати Тоҷикистон бо тавсиби як қарор ба толибилмони тоҷик таътили тирамоҳӣ ва баҳоронаро баргардонид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Таътили тирамоҳӣ ва баҳорӣ ба мактабҳои Тоҷикистон баргардонида шуд. Дар ин бора Вазорати маориф ва илми кишвар иттилоъ медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, Ҳукумати Тоҷикистон ба наздикӣ қарореро ба тавсиб расонидааст, ки мувофиқи он соли таҳсил дубора ба 4 чоряк тақсим карда мешавад.

"Тибқи Қарори Ҳукумати Тоҷикистон таҳти рақами 484 соли таҳсил 36 ҳафтаи таълимӣ (барои синфҳои якум 35 ҳафта)-ро дар бар гирифта, ба чор чоряк тақсим мешавад. Чоряки якум аз 1 сентябр то 31 октябр, чоряки дуюм аз 11 ноябр то 31 декабр, чоряки сеюм аз 11 январ то 20 март ва чоряки чорум аз 1 апрел то 14 июн идома меёбад", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Ҳамин тавр, тибқи ҳамин қарор, таътили тирамоҳӣ 10 рӯз (аз 1 то 10 ноябр), таътили зимистона 10 рӯз (аз 1 то 10 январ), таътили баҳорӣ 7 рӯзро ташкил медиҳад.

Таътили тобистона пас аз анҷоми соли таҳсил ва ҷамъбасти аттестатсия то 31 август идома ёфта, машғулиятҳо барои хонандагони синфҳои 1 як ҳафта пеш аз анҷоми соли таҳсил ба охир мерасад.