ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Бино ба иттилои мақомоти шаҳри Душанбе шурӯъ аз 3-октябри соли равон дар хатсайри автобуси №22 (маҳаллаи Испечак - кӯчаи Гагарин) хизматрасонӣ пурра тариқи кортҳои наклиётӣ ба роҳ монда мешавад.
Манбаъ аз шаҳрвандон хоҳиш намудааст, ки кортҳои нақлиётиро аз терминалҳои назди истгоҳҳо ва мағозаҳои фурӯши рӯзномаю маҷаллаҳо пешакӣ дастрас намоянд.
Барои истифода аз нақлиёти ҷамъиятии пойтахт мусофирон бояд “City Card” ва ё корти электронӣ бигиранд. Кормандони хадамоти нақлиёти шаҳри Душанбе онҳоеро, ки чунин корт надоранд, ба автобусу троллейбус роҳ намедиҳанд.
Арзиши корт 10 сомонӣ мебошад. Чаҳор сомонӣ пули худи корт ва шаш сомонии дигар дар ҳисобаш захира мешавад. Ин миқдор пул барои чаҳор бор истифода аз автобус ва 6 дафъа нишастан дар троллейбус кофӣ будааст.
Терминалҳои махсус барои пур кардани ҳисоби кортҳо дар ҳар истгоҳ гузошта шудааст. Дар назди ин терминалҳо ихтиёриён ҳам корт мефурӯшанд ва ҳам тарзи дурусти истифода аз онро нишон медиҳанд.