Интизор шавед: таъхири 9-соатаи парвози "Сомон Эйр" дар Петербург

Мусофирони хатсайри ширкати ҳавоии "Сомон Эйр" дар Петербург тавонистанд танҳо пас аз интизории чандсоата ба Ватан парвоз кунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Дар Санкт-Петербург парвози ҳавопаймои ширкати "Сомони Эйр"-ро, ки ба Хуҷанд парвоз мекард, ба 9 соат ба таъхир андохтанд.

Мусофирони хатсайр тавонистанд танҳо баъд  аз чанд соати интизорӣ ба ҳавопаймо нишинанд.

 Парвоз бояд шаби 2 октябр, соати 02:55 сурат мегирфт, ҳавопаймо танҳо рӯзи 2 октябр соати 11:45 парвоз кард.

То ҳол дар бораи далелҳои таъхири парвоз маълумоте нест.