ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Владимир Путин, раисҷкмҳури Русия нисбат ба Доналд Трамп, президенти Амрико, боварии бештар дорад, омадааст дар назарпурсии маркази тадқиқотии амрикоӣ Pew Research Center, ки дар 25 кишвари дунё анҷом ёфтааст.
Тибқи назарпурсии мазкур, 30 дарсади мусоҳибон ба роҳбари Русия боварӣ доштаанд. Дар ҳамин ҳол, таъкид шудааст, ки фаъолиятҳои Путинро дар арсаи ҷаҳонӣ беш аз 81 дарсади мардуми ин Русия дастгирӣ мекунанд.
Дар навбати худ ба раисҷумҳури Амрико ҳамагӣ 27 дарсади мусоҳибон эътимод доштаанд. Дар ҳамин ҳол, 70 дарсади мусоҳибон гуфтанд, ки ба Трамп боварӣ надоранд.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ бештар аз ҳама ба канслери Олмон Ангела Меркел эътимод доштааст. Ангела Меркел дар раддабандӣ дар ҷои аввал қарор гирифтааст. Аз ӯ 52 дарсади мусоҳибон пуштибонӣ карданд. Дар ҷои дувум Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса ҷйогир шудааст. Ба вай 46 дарсади мусоҳибон боварӣ доранд ва дар ҷои севум роҳбари Чин Си Ҷинпин қарор гирифтааст. Ба роҳбари Чин 34 дарсади ҷомеаи ҷаҳонӣ боварӣ ҳосил кардааст.
Назарпурсӣ аз 20 май то 12 августи соли 2018 миёни 26112 мусоҳибон аз 25 кишвари дунё сурат гирифт.