Даромад аз фурӯши сангҳо ва филизоти қиматбаҳо ба сохтмони Роғун равона мешаванд

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон таъкид намуд, ки маблағҳои иловагӣ барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун аз ҳисоби фурӯши сангҳо ва филизоти қиматбаҳо сурат мегирад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik.   Дар Тоҷикистон барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун 750 млн. сомонӣ (80 миллион доллар) маблағи иловагӣ ҷудо хоҳад шуд, иттилоъ додааст вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода.

Ба қонун “Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2018” палатаи поёнии парлумони кишвар имрӯз дар ин хусус тағйироту иловаҳои дахлдор ворид намуд.

Ҳикматуллозода гуфт, Ҳукумат барои "Роғун" эҳтимол боз қарз мегирад

Зимни суханронӣ вазири молия таъкид намуд, ки маблағгузории иловагӣ аз ҳисоби фурӯши сангҳо ва филизоти  қиматбаҳо сурат мегирад.

Ба гуфтаи вай, айни замон наздики 190 млн. доллар дар ихтиёри ҳукумат қарор дорад, ки як сол пеш аз ҳисоби фурӯши коғазҳои қиматнок (еврбондҳо) дар бозорҳои байнулмилалӣ ба даст омада буд.

Вазири молия бар онаст, ки як қисми ин маблағҳо то охири сол ва қисмати боқимонда соли оянда ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун равона хоҳад шуд.

Ёдрас мешавем, ки моҳи сентябри соли гузашта ҳукумати Тоҷикистон барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун дар бозорҳои байналмилалӣ коғазҳои қиматнок худро ба маблағи  500 млн. доллар ба фуруш гузошт.  Ҳудуди 310 млн. доллар аз ин маблағ аллакай дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун истифода шудааст.