Ҳунари Восит Абдураҳмонов - дарки расм ва равони инсону табиат (АКС)

Восит Абдураҳмонов мегӯяд, эълон доштани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, заминае хоҳад шуд то фарҳангу ҳунари миллии тоҷик саҳфаи таърихии худро кушояд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik, Қамари Аҳрор. Дарёчаи ҷорӣ аз дили кӯҳ, фасли баҳор ва дарахтони гулпӯш, кашидани ноқили барқрасон  аз болои чӯб, аллахонии модар ба гӯши тифл дар сояи дарахт - ин ҳама манзараҳои зиндагии инсонҳоянд ва ҳар кас онҳоро дидан метавонад, аммо на ҳар кас қодир ба мисли Восит Абдураҳмонови наққош ин ҳамаро рӯи саҳфае нигорад.

Восит Абдураҳмонов шурӯъ аз соли 1975 замоне, ки Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии рассомӣ ба номи  Мирзораҳмат  Олимов, поягузори ин мактаби бузурги рассомӣ дар замони шӯравӣ  дар шаҳри Душанберо хатм намуд,  наққошӣ мекунад. Сар аз он солҳо дар эҷоди чандин асарҳои гурӯҳӣ дар намоишномаҳои шӯравӣ  саҳм дошта ва ҳам бо наққошиҳои шахсиаш ширкатдори намоишномаҳое будааст.

Дар соли 1996 ӯ ба кор ба  Коллеҷи санъати Хуҷанд даъват шуд ва то ин муддат ба муҳассилин махсусиятҳои ҳунари рассомӣ меомӯзад.

Ӯ мегӯяд, одат надорад, ки шумори шогирдонашро рақам занад, балки рӯзе онҳо худ бигӯянд,  ки устодашон дар ин ҷода кист ва киро ба забон меоранд.

Пайкарасози Исмоили Сомонӣ дар бораи чеҳраи шоҳ ва ҳунари меросӣ (НАВОР)

“Бисёре аз дастпарварони ин омӯзишгоҳ, ба мактабҳои олии рассомии шаҳрҳои Санкт Петербург, Маскав, Екатеринбурги Федератсияи Русия таҳсил карда дар ҷодаи рассомӣ муваффақ шудаанд. Бисёре аз рассомони ҷавони ҷумҳурӣ таҳсилкардаи омӯзишгоҳи рассомии Хуҷанд ба шумор мераванд. Аз эҷодиёти онҳо ифтихор мекунам”, - иброз дошт  Восит Абдураҳмонов.

Дар солҳои Истиқлолият асарҳояш ӯро борҳо ба намоишномаҳои бадеии рассомон ба кишварҳои Осиёи Миёна ва кишварҳои пасошӯравӣ бурдаанд. Ахиран се асари ӯ - “Дар соҳили Сирдарё”, “Дарёчаи кӯҳӣ” ва “Баҳори Тоҷикистон” дар фестивали асарҳои бадеии рассомон дар шаҳри Хуанчжоуи Чин дар соли 2009  мавриди таваҷҷӯҳи бисёриҳо қарор гирифт ва ӯ онҳоро  барои чиниҳо ҳадя намуд.

Сабадбофии холаи Шаҳодат: ҳунари аҷдодӣ хонаводаро мехӯронад (НАВОР)

Восит Абдураҳмонов мегӯяд, эълон доштани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, заминае хоҳад шуд то фарҳангу ҳунари миллии тоҷик  саҳфаи таърихии худро кушояд.  

Биниши амиқи манзарраҳои табиат ё корномаи инсонҳо дар зиндагӣ бо назардошти дарку ҳолати равонӣ аз вижагиҳои кору ҳунари  наққошӣ мебошад, то ин ҳама мавриди таваҷҷӯҳи умум қарор бигирад ва ҳамеша мондагор бошад, афзуд  Восит Абдураҳмонов.