Чор видеои котиботи Раҳмон: аз сайр бо Мирзиёев то хандаи Рустами Эмомалӣ

Хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз чор навор аз фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои охирро нашр намудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Дафтари матбуоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз ҷумла навори ифтитоҳи Боғи ба номи Алишер Навоиро нашр кардааст. Дар навор Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои узбакистонияш Шавкат Мирзиёев таҳти навои қарсаки ҳозирин, аз донишҷӯён то вазирон пайкараи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоиро дар маркази Душанбе рӯнамоӣ карданд.

Навори дигар аз ифтитоҳи Боғи ба номи Аҳмади Дониш мебошад, ки Эмомалӣ Раҳмон дар он сайри шомгоҳӣ кардааст. Дар навор шаҳрдор Рустами Эмомалӣ низ дар боғ бо чеҳраи хандон бо раисиҷумҳур қадамзанон суҳбат дорад.

Дар навори сеюм, сафари кории Александр Лукашенко дар Душанбе инъикос ёфтааст, ки зимни он аз ҷумла раисиҷумҳури Белорус осори кандакорҳои тоҷикро бо таваҷҷуҳ тамошо ва ламс мекунад.

Дар навори чорум ҳаракати қатори мошинҳои Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев сӯи шаҳри Турсунзода инъикос гардидааст.  Навор барномаи пешвози роҳбарони ду давлат, боздид аз корхонаҳо ва тақдими мошину ҷомапӯшии Мирзиёев ба деҳқонони тоҷикро фаро мегирад.