ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. Раисҷумҳури Белорус Александр Лукашенко ба раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон трактори "Беларус" модели 82.1-ро ҳадя кард, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури Белорус.
Бино бар иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон аз Александр Лукашенко барои ҳадя сипосгузорӣ карда, гуфтаст, "трактор ба хоҷагӣ муфид хоҳад буд".
Ёдрас мешавем, пештар раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президент Александр Лукашенко мулоқот намуда, масоили дар Тоҷикистон ташкил намудани корхонаҳои муштараки ду кишварро баррасӣ карда буданд.
Сипас сарони ду кишвар дар шаҳри Ҳисор марҳилаи дуюми корхонаи муштараки Тоҷикистону Беларус – Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи "Агротехсерви"-ро ба кор андохтанд.
Дар ин корхонаи муштарак асосан трактор ва дигар таҷҳизоти соҳаи кишоварзӣ васлу насб карда мешавад.
Президентон аз ҷараёни васлу насби тракторҳо дар сехи калонтарини корхона, ки бо се хати васлу насби техникаҳои кишоварзӣ фаъолият менамояд шинос шуданд.
"Масъулон нақша доранд дар оянда ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Афғонистон низ тракторҳо ва дигар таҷҳизоти кишоварзии дар ин корхона истеҳсолшавандаро содирот намоянд. Аз ин хотир яке аз хатҳои васлу насби техникаҳои кишоварзӣ ба содирот нигаронида шудааст", - менависад дафтраи матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.
Баробари ба кор даромадани марҳилаи дуюми корхонаи муштараки Тоҷикистону Беларус 100 мутахассис бо кор таъмин шудаанд.