Баъди полшӯиву хазонрӯбӣ: Аюби пистолет ба милисаҳо гуфт, аз кардааш пушаймон аст

Алишер Ҳалимов дар баёноте навиштааст, ки аз кардааш пушаймон аст ва дар оняда дигар ба ин гуна корҳо даст намезанад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. Раёсати Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар Душанбе хабар дод, ки баъди гузориши расонаҳо Аюби пистолет - Алишер Ҳалимови 51-cоларо барои авбошӣ дар нақлиёти иҷтимоӣ боздошт ва муҷозот кардааст.

Гуфта мешавад, Алишер Ҳалимов "ҳангоми фаромаданаш аз микроавтобуси мусофиркашонии рақами 28 ҳангоми гирифтани бақияи роҳкиро, ронанда ва дигар мусофирони нақлиёти мазкурро мавриди дашному ҳақорат қарор дода, бар замми ин бо пояш якчанд маротиба ба дари воситаи нақлиёт задааст. Бо ин кирдораш номбурда оромии шаҳрвандонро халадор намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намудааст".

Баъди полшӯиву хазонрӯбӣ: Аюби пистолет ба милисаҳо гуфт, аз кардааш пушаймон аст

"Тавре аз баёноти худи ҳуқуқвайронкунанда бармеояд, аз кирдори кардааш пушаймон буда, изҳор доштааст, ки дар оянда ба чунин ҳуқуқвайронкунии дағал даст намезанад", - менависад раёсати ВУД.
Бо қарори додгоҳи ноҳияи Сино Алишер Ҳалимовро ба 5 рӯз ҳабс карданд.

Аммо тавре манбаъ аксҳои ӯро мунташир кардааст, Аюби пистолет ҳамчунин ба корҳои ислоҳӣ ҷалб карда шудааст.