Кӯчаҳои нав дар Суғд ба номи сарбози шаҳиду нахустин кайҳоннавард аз Мастчоҳ

Вакилони халқи ноҳияи Мастчоҳ бархе аз маҳаллаҳои навбунёди ноҳияро номгузорӣ кардаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд, дар ҷаласаи вакилон масъалаи номгузории маҳалҳои нави аҳолинишин ва муассисаҳои соҳаҳои фарҳангу маориф баррасӣ шуд.

“Бо ҷонибдории вакилон яке аз кӯчаҳои маҳаллаи Абдураҳмони Ҷомии Ҷамоати деҳоти Оббурдон ба номи сарбози шаҳид Аҳмадбек Кӯчаков ва кӯчаи дигари маҳаллаи мазкур ба номи аввалин ҳавонавард аз ноҳияи Мастчоҳ Гулмаҳмад Қурбонов гузошта шуд”, - иттилоъ доданд мақомоти Суғд.

Манбаъ афзуд, ки маҳаллаи навбунёди Ҷамоати шаҳраки Бӯстон ба номи Ҷалолиддини Балхӣ ва чанде аз кӯчаҳои он ба номи Муҳаммад Иқбол, Ҳофизи Шерозӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ номгузорӣ гардид.

Коллеҷи омӯзгории Мастчоҳ ба номи Мирзо Аҳмадзода ва Қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти Оббурдон ба номи ҳунарманди театру синамо Ислом Саломов гузошта шудааст.