Боздошти собиқ футболбози "Хайр" дар Минск ва депорти ҳамсару фарзандаш ба Украина

Мақомоти интизомии Белорус Парвиз Турсунов, як футболбози собиқи тоҷикро, ки дар Тоҷикистон ба экстремизм муттаҳам мешавад, дастгир намудаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 сен - Sputnik. Дар фурудгоҳи шаҳри Мински Белорус собиқ футболбози тоҷик Парвиз Турсуновро, ки дар   фаъолияти экстреместӣ муттаҳам мешавад, дастгир шуд. Дар ин бора Sputnuk Белорус иттилоъ медиҳад.

Парвиз Турсунов 43 дорад. Ӯ 18 сентябр аз ҷониби мақомоти интизомии Белорус дастгир шудааст.

"Кормандони Вазорати умури дохилаи Белорус дар Минск Парвиз Турсуновро ҳангоми кӯшиши убури марзи кишвар дар фурудгоҳ дастгир намуданд”, - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Мақомоти интизомӣ ҳамсару чаҳор кӯдаки ноболиғашро ба Украина фиристодаанд.

Парвиз Турсунов дар феҳрасти афроди мавриди ҷустуҷӯ қарор дошта, дар Тоҷикистон ба  ифротгароӣ муттаҳам мешавад.

Дар ҳоли ҳозир футболбози тоҷик дар боздоштгоҳи №1 шаҳри Минск қарор дорад.

Кормандони Додситонии кули Белорус мунтазири ҳуҷҷатҳо барои истирдоди вай ба Тоҷикистон будаанд.

Парвиз Турсунов дар гузашта яке аз бозигарони калидии дастаи "Хайр”-и Ваҳдат буд. Исми ӯ 8 сол пеш ба далели бо риши дароз ба майдон баромаданаш расонаӣ шуд.  Мураббиёни дастаи "Хайр” бо ишора ба дастури Федератсияи футболи Тоҷикистон ба Парвиз Турсунов шарт гузоштанд, ки ё ришашро бигирад, ё дигар ба машқҳо ва бозиҳои расмӣ роҳ дода намешавад. Аммо соли 2011 вай тимашро тарк кард.

Дар Тоҷикистон ба ӯ 5 соли зиндон таҳдид мекунад.