Шеърхонии Путин ҳангоми маросими имзои санадҳо дар Душанбе

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия дар ҳошияи ҷаласаи сарони кишварҳои ИДМ, аз ҷумла ҳангоми маросими имзои санадҳо дар Душанбе ба шеърхонӣ машғул будааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 сен - Sputnik. Владимир Путин ба маросими имзои санадҳо бо китоби “Евгений Онегин”-и Александр Пушкин ҳозир шуда дар лаҳзаҳои фориғ аз имзои созишнома романи назмии Пушкинро варақ мезад.

Ӯ китобро аз тарафи дасти чапаш гузошта ва баъди имзои санадҳо онро мутолиа мекард ва шеърхониро то расидани бастаи нави санадҳо идома медод.

Баъди нишастани Игор Додон, раисиҷумҳури Молдова дар назди Путин, ӯ китобро канор гузошт, аммо дар пайи анҷоми маросими имзои созишнома боз онро гирифта бо худ бурд. Ҳангоми суҳбат бо Никол Пашинян, сарвазири Арманистон, Путин китоби “Евгений Онегин”-ро дар дасти чапаш нигоҳ медошт.