ВУД: тафтиши муроҷиати як модар бо боздошти писараш анҷомид

Ювелирные изделия, архивное фото
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, тафтиши шикояти як модар ба ин ниҳод бо боздошти писараш анҷомид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 сен - Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ба ин ниҳод зани 52-сола,  сокини ҷамоати деҳоти Ҷусти ноҳияи Шаҳринав аз дуздии шабонаи ҷавоҳироташ шикоят кардааст.

Ӯ арз доштааст, ки шаби 9 ба 10-уми сентябри соли 2018, тахминан соати 02:00 шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш ворид шуда, аз дохили ҷузвдон ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ, ки арзиши умумиашон 3 ҳазору 550 сомониро ташкил медиҳад, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

“Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия писари соҳибхона ҷавони 28-солаи сокини ноҳияи Шаҳринав ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд”-омадааст дар иттилоияи ин ниҳод.

ВУД афзуд, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.