ДУШАНБЕ, 27 сен - Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Узбакистон, моҳи июли соли равон аз ҷониби ширкати “Крантас групп”-и Узбакистон ва корхонаи алюминийи тоҷик, “ТАЛКО” корхонаи нави тавлиди техникаи махсус “Талко-Крантас” ташкил гардид.
“Дар корхонаи муштарак мошинҳои борбардор, ядакҳои трактор ва дигар намуди дастгоҳҳои махсус тавлид хоҳанд шуд. Муаррифии ин лоиҳаи ояндадор дар ҳузури роҳбарони ду давлат баргузор гардид”, - иттилоъ дод дафтари матбуоти раисиҷумҳури Узбакистон.
Манбаъ афзуд, ки Мирзиёев инчунин бо фаъолияти корхонаи “ТАЛКО” шинос шудааст, ки корхонаҳои зиёди куҳкорӣ, кимиёвӣ ва металлургиро дар бар мегирад.