Омад-омади президентҳо: даромадгоҳи нави Тоҷикистон барои меҳмонони олиқадр (НАВОР)

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар арафаи сафари роҳбарони кишварҳои ИДМ ба Душанбе дар фурудгоҳи пойтахт толори нави қабули меҳмонони расмиро ифтитоҳ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 сен - Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, иншооти мазкур бо дастури Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби даромади Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бунёд шудааст.

Манбаъ афзуд, ки толори қабули меҳмонони расмӣ аз 3 ошёна ва таҳхона, ҳуҷраҳои консулгарӣ, маъмурият, хонаҳои кории кормандони сарҳад ва гумрук, ҷойи коркарди бору бағоҷ, 8 адад ҳуҷра барои баргузории мулоқотҳои дуҷониба, 4 адад тарабхонаи замонавӣ, мағозаи фурӯши молу маҳсулот, туҳфаҳо, гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва гумрукӣ иборат мебошад.

“Дар ҳудуди ҳавлии иншоот таваққуфгоҳ барои 400 адад мошини сабукрав сохта шуда, таваққуфгоҳи тайёраҳо ва роҳравҳои майдони фурудгоҳ дар масоҳати 12 ҳазор метри мураббаъ азнавсозӣ гардидааст. Ҳудуди Толори қабули меҳмонони расмӣ бо 45 адад сутунпоя ва чароғҳо равшан мегардад”, - омадааст дар иттилоия.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид намудааст, ки бо бунёди Толори қабули меҳмонони расмӣ, оро додани он бо нақшу нигори миллӣ, кандакорӣ, гаҷкорӣ, оинабандӣ ва овезон кардани мусаввараҳои манзараҳои дилфиреби кишвари биҳиштосои Тоҷикистон имкон фароҳам омад, ки ба ҷаҳониён маданияти баланди меҳмоннавозии давлату миллати тоҷик муаррифӣ гардад.