ДУШАНБЕ, 27 сен - Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Узбакистон, сокинони шаҳр Мирзиёевро бо рақсу сурудҳои миллӣ пешвоз гирифтанд.
“Сокинони Турсунзода баробари тоҷикистониҳои дигар аз сиёсати раисиҷумҳури Узбакистон барои беҳбуди муносибот бо ҳамсояҳо хушнудӣ доранд. Ифтитоҳи гузаргоҳҳои марзӣ, рафтуомади бидуни раводид тайи 30 рӯз, ҳаракати автобусҳо ва парвозҳои ҳавопаймо миёни ду кишвар барои роҳати мардум роҳандозӣ шудаанд”, - иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисиҷумҳури Узбакистон.
Котиботи раисиҷумҳури Узбакистон аз сиёсати Мирзиёев барои осон кардани рафтуомади шаҳрвандони ду кишвар зикр карда, афзудааст, ки Мирзиёев бори дигар таъкид намуд, ки давлат барои хидмат ба мардум мебошад.