Мирзиёев ба деҳқонон - Усмонов ва Мадумаров мошин туҳфа кард (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбакистон аз "Боғи Сомон", “Ҳоҷӣ Неъмат” ва “Ватан” боздид карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 сен - Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев бо фаъолияти токпарварони номдору собиқадори хоҷагиҳои мазкур ва шароити корашон шинос шуданд.

Ташкили корхонаи нави Тоҷикистону Узбакистон – “Талко-Крантас”

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Узбакистон иттилоъ додааст, ки Мирзиёев дар хоҷагии “Боғи Сомон” ба роҳбари хоҷагӣ – Камол Мадумаров, деҳқони узбактабори маъруфи Тоҷикистон мошини “Captiva”-и тавлиди Узбакистон туҳфа кард.

“Камол Мадумаров, писари деҳқон аз ноҳияи Алтиариқи Узбакистон мебошад, ки касби падарро пеша карда, дар Тоҷикистон соҳиби нуфуз гардидааст”, - иттилоъ додааст манбаъ.

Мирзиёев инчунин зимни боздид аз хоҷагии “Ватан” ба роҳбари он – Неъмат Усмонов мошини узбакистонии “Captiva” тақдим намудааст.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, "Боғи Сомон" яке аз калонтарин хоҷагиҳои ангурпарвари мамлакат ба шумор рафта, соли 2017 беш аз 5 ҳазор тонна маҳсулот ҷамъоварӣ намудааст. Ангурбоғи хоҷагӣ, ки дар маҷмӯъ 500 гектарро ташкил медиҳад.

Манбаъ афзуд, ки хоҷагии деҳқонии “Ватан” ду хоҷагии оилавиро муттаҳид карда, соли 2008-ум таъсис ёфтааст. Хоҷагӣ дар ихтиёри худ 25 гектар замин дорад, ки аз он 16,4 гектарашро токзор дар бар мегирад.

Хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Неъмат» бошад, дар майдони 105 гектар замин доман паҳн намудааст ва 95,6 гектари онро токзори замонавӣ ташкил медиҳад.