Маркази зиддитеррористии ИДМ: беш аз 9 ҳазор шаҳрвандони ИДМ дар ҷустуҷӯ қарор доранд

Маркази зиддитеррористии ИДМ ба ҷаъмоварӣ ва мубодилаи маълумот дар бораи шахсоне, ки ба терроризм айбдор мешаванд, машғул аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 сен - Sputnik. Беш аз 9 ҳазор нафар шаҳрвандони кишварҳои ҳамсуд барои ҷинятҳои террористӣ ва экстремистӣ дар ҷустуҷӯи байнидавлатӣ қарор доранд, иттилоъ додааст роҳбари Маркази зиддитеррористии ИДМ, генерал-полковник Андрей Новиков.

Аз зиндони порахурон то муҷозот барои даъват ба терроризм дар интернет: шарҳи қонунҳои нав

“Ба ҳолати сентябри соли равон беш аз 9 ҳазор шаҳрвандони ИДМ  дар ҷустуҷӯи байнидавлатии кишваҳои ҳамсуд қарор доранд. Аз ин миқдор наздик ба 5 ҳазор нафар – ҷангҷӯ мебошанд, ки ба сафи гуррҳҳои ғайриқонуни ва тундрав дар қаламрави кишварҳои дигар меҷанганд”, - гуфт Новиков.

Ба гуфтаи вай, Маркази зиддитеррористӣ ҳамеша дар ҷустуҷӯи шахсони мутаҳам ба амалҳои террористию ифродгароӣ  ба кишварҳои узви ИДМ кумак мерасонад.

Вай тавзеҳ дод, ки Марказ ба таври ҳамешагӣ ба ҷамъоварӣ ва табодули маълумот дар бораи шахсоне, ки ҷустуҷӯ мешаванд, машғул мебошад.

“Масъалан аз соли 2015 инҷониб бо кумаки Марказ 83 шахси дар ҷустуҷӯ қарор дошта, ки дар  амалҳои террористӣ айбдор мешуданд, дастгир шудаанд. Дар асоси маълумотҳои равонкардаи Марказ,  мақомотҳои кашшофии молиявӣ аз соли 2015 то имрӯз 207 нафарро, ки ба маблағгузории терроризм айбдор мешуданд,  дастгир намудааст”, - гуфт Навиков.