Роҳбандӣ дар Душанбе ва тағйири хатсайри автобусҳои 8, 22 ва 28

Шаҳрдорӣ хабар медиҳад, ки дар хиёбони Нусратулло Махсум ва кӯчаи Фазлиддин Муҳаммадиев корҳои таҷдиду азнавсозӣ анҷом дода мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Шаҳрдории Душанбе ба таваҷҷӯҳи сокинон мерасонад, ки дар хиёбони Нусратулло Махсум корҳои таъмиру азнавсозӣ оғоз шуданд.

Бино бар иттилои манбаъ, аз 27 сентябр дар   хиёбони Н.Махсум, аз буриши кӯчаи Ф.Муҳаммадиев то дарвозаи ғарбӣ (шоҳроҳи Ҳисор),  ҳаракати дутарафаи воситаҳои нақлиёт дар қисми рости хиёбон ба роҳ монда мешавад.

Гуфта мешавад, ба фаъолияти  хатсайрҳои автобусии №№8, 22, 28 ва микроавтобусҳои рақамҳои №№42, 46, 48 ва 35 тағйиротҳои дахлдор ворид карда  мешаванд.

Аз ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш карда мешавад, ки  ҳаракатро тибқи аломатҳои роҳ таъмин намоянд.