Раиси шаҳри Исфара ба мактабҳои тоҷикии Қирғизистон китоб дод

Ҳамчунин Саломзода аз вазири маорифи Тоҷикистон Нуриддин Саид хоҳиш кардааст, ки барои ҷудо намудани китоб ба мактабҳои тоҷикии шаҳру навоҳии кишвари ҳамсоя мусоидат кунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Раиси шаҳри Исфара Сиҷоуддин Саломзода ба мактабҳои тоҷикии минтақаи Ӯчқӯрғони вилояти Бодканди Қирғизистон 200 китоби дарсӣ ҳадя кардааст. Дар ин бора дафтар матбуотии раиси шаҳри Исфара хабар медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, Саломзода чанде пеш бо раиси Ҷамъияти тоҷикони минтақаи Ӯчқурғон Мавлонҷон Абдураззоқов дидор ва мулоқот кардааст.

"Дар раванди мулоқот ба ҳамкории илмиву фарҳангӣ ва ниёзмандиҳои соҳаи маориф дар навоҳии тоҷикнишини кишвари ҳамсоя таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Ба гуфтаи раиси ҷамъияти Ӯчқӯрғон, дар минтақаъ 8 мактаби тоҷикӣ фаъолият мекунад.