ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Ҳамсари аввалин раисҷумҳури Узбакистон Татяна Каримова хабар дод, ки шавҳараш дар куҷо истироҳат мекард.
Мусоҳибаи Татяна Каримова дар саҳифаи Бунёди Ислом Каримов дар Фейсбук мунташир шудааст.
Ба гуфтаи вай, Каримов рӯзҳои истироҳатиро дар наздикии шаҳри Тошканд мегузаронид ва мегуфт, ки ҷойи зеботаре аз кишвараш Узбакистон нест.
"Таътили солонаи Ислом Абдуғаниевич одатан аз як ҳафта зиёд давом намекард. Дар ҳамин ҳол танҳо ду ё се рӯзашро ӯ бари истироҳат ҷудо мекард. Мо ба кӯҳ мерафтем, ки дар мавзеи Қарнайсой-наздикии Тошканд ҷойгир шудааст", - нақл мекунад Татяна Акбаровна.
Ёдрас мешавем, Ислом Каримов аз соли 1989 Узбакистонро роҳбарӣ мекард. Ӯ моҳи сентябри соли 2016 пас аз сактаи майнаи сар даргузашт. Раисҷумҳурро дар зодгоҳаш шаҳри Самарқанд ба хок супориданд.
Ислом Каримов чор маротиба - дар солҳои 1991, 2000, 2007 ва 2015 дар интихоботи президентӣ пирӯз шуда буд.
Дар 27 соли роҳбарӣ расман дар бораи бемории раисҷумҳур хабаре дода намешуд. Аммо расонаҳо менавиштанд, ки Каримов чанд бемориро аз сар гузаронидааст.