Ҳалокати сохтмончии ҷавони тоҷик дар Санкт Петербург

Дар пайи як нохушӣ дар шаҳри Санкт Петербург муҳоҷири 25-солаи тоҷик ба ҳалокат расидааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Тибқи иттилои расонаҳои Санкт Петербург нохушӣ шоми 24 сентябр дар кӯчаи Дибенко дар ноҳияи Невский рух дод.

Бар асоси фарзияи пешакӣ дар майдони сохтмони маҷмааи истиқоматии “Ренессанс” нӯги борбардор ба сари сохтмончии ҷавони тоҷик афтидааст, ки дар натиҷа ӯ дар ҷои ҳодиса ҷон додааст.

Кумитаи тафтишотӣ ба таҳқиқи ин ҳодиса оғоз кардааст.