Пахтачинии генералу тобеин дар Ёвон

Генерал Искандар Солеҳзода, сардори пулиси Хатлон ҳамроҳи 150 кормандаш рӯзҳоии истироҳати худро дар ҷамъоварии пахта гузарондаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон  ҳашари кормандони милиса дар хоҷагии ёрирасони ВКД, воқеъ дар ноҳияи Ёвон сурат гирифт.

Манбаъ афзуд, ки хоҷагии ёрирасони ВКД 36 гектар заминҳои корами обӣ дорад, ки дар 9 гектари он пахта кишт карда шудааст.

“Ҳосили маҳсулоте, ки дар заминҳои хоҷагии ёрирасон ҷамъоварӣ карда мешаванд, баҳри беҳтар намудани шароити иҷтимоии кормандони милитсия истифода карда мешаванд”, - иттилоъ додааст ВУД.

Ин ниҳод афзуд, хоҷагиҳои ёрирасон, ки дар назди сохторҳои низомӣ ва мақомоти қудратӣ ташкил шуданд, барои таъминот бо озуқа мусоидат мекунанд.