Ҳунарманди армуғонофар: аз зардӯзии сураҳои Қуръон то тоқии гуларӯсон (НАВОР)

Ҳукумати Тоҷикистон ҳамаи онҳоеро, ки дар шароити хонаводагӣ ба ҳунармандӣ машғул буда, аз ин ҳисоб зиндагиашонро таъмин мекунанд, аз пардохти молиёт озод намуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik, Қамари Аҳрор. Кулоҳу рӯсарӣ, нимтанаву ҷомаҳои зардӯзишуда дар  растаи ҳунарварони суғдӣ, ки дар муҳити хона офарида шудаанд, зарофати ҳунарии зардӯззани чирадасти тоҷик ба мисли Нурихон Ибодуллоеваро  собит мекунанд.

Маҳсули ҳунарии холаи Нурихон, ҳама бо маҳорат аз нӯги сӯзан сохта мешавад ва ҳамеша мавриди таваҷҷӯҳи умум будаанд. Аз ҷумла тоқиву рӯсариҳои гулдӯзикардаашро наварӯсони тоҷик бо ҳавасу умедҳои зиёд мегиранд ва ҷомаҳои зардӯзишударо бисёриҳо барои афроди соҳибҷашн ба армуғон мебаранд. Матоъҳое ҳам, ки дар он исми Аллоҳ ва ё сураҳои Қуръон  бо зарофат дарҷ  шудаанд, бисёриҳо ба вижа ҳоҷиёни тоҷик бо худ мегиранд.

Ҳунарманди армуғонофар: аз зардӯзии сураҳои Қуръон то тоқии гуларӯсон (НАВОР)

Ҳунари қадимаи зардузӣ, дар замони шӯравӣ ҳам роиҷ буд, вале идеологияи коммунистӣ онро дар маҳдудаи худ нигоҳ медошт. Аммо бо дигар шудани вазъи сиёсиву иқтисодӣ дар кишвар ин ҳунари хонаводагӣ дар ҳоли  эҳёву рушди  худ аст.

Ҳукумати Тоҷикистон соли 2018 - ро “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълом кард ва ба ин дунбол ҳамаи онҳоеро, ки дар шароити  хонаводагӣ ба ҳунармандӣ машғул буда, аз ин ҳисоб зиндагиашонро таъмин мекунанд аз пардохти молиёт озод намуд.

Сабадбофии холаи Шаҳодат: ҳунари аҷдодӣ хонаводаро мехӯронад (НАВОР)

Интизор меравад, ки ин тасмими Ҳукумат шавқи ҳунарвариро зиёд  намуда, нуфузи ҳунармандонро баланд хоҳад бардошт. 

Нурихон Ибодуллоева ҳоло 72 сол дорад ва мегӯяд беш 40 сол аст, ки ба зардӯзӣ машғул буда, рӯзиашро аз нуги сӯзан дарёфт мекунад. Ӯ нақл мекунад, ки ин корро аз модару хоҳараш омӯхта, ҳамчунин саҳми Мушарраф Негматова аз зардӯззанони чирадасти ҳаммаҳаллашро дар камолёбии ҳунараш кам намедонад.

“Ҳанӯз 8 - сола будам, бароям  модару хоҳарам сӯзанқаппиро омӯзонидаанд. Баъдан дар назди Мушарраф Негматова аз наварӯсони ҳунарманд,  вижагиҳои кори зардӯзиро аз бар кардам. Ҳоло ифтихор мекунам, ки ҳунармандам ва  номи ҳунармандиро бо худ  дорам”, - изҳор дошт .    

Холаи Нурихон бо он, ки дар ҷодаи зардӯзӣ моҳир шуд, ин ҳунари меросиро ба келинҳои худу ҳамсоягонаш омӯзонд. Ҳоло даҳҳо бонувону наварӯсони дигари ҳаммаҳаллааш дар ҷамоати Унҷии ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бо он, ки рӯзе ҳунарманд шаванд ба суроғаш меоянд ва ӯ ҳам омӯзиш додани ҳунарвариро як кори хайру савоб дониста, бо меҳр нозукиҳои кори зардӯзиро меомӯзонад ва мегӯяд доштани ҳунар инсонҳоро аз вартаи нодориву пойбастагӣ наҷот медиҳад.