Даргузашти Шехов, сардори Хадамоти ташхиси тиббию иҷтимоии Тоҷикистон

Абдукарим Шехов, сардори Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоии Тоҷикистон дар синни 59-солагӣ даргузашт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Дар ин бора имрӯз Вазорати тандурустӣ  ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон иттилоъ додааст.

Абдукарим Шехов  6 январи соли 2014 бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон, сардори Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ таъин гардида буд.

Марҳум қаблан ба ҳайси духтури кӯдакон фаъолият дошта, аз соли 2006 то 2009 директори Маркази лоиҳаи ислоҳоти соҳаи тандурустӣ буд.  Аз соли 2009 то 2011 директори Маркази ҷумҳуриявӣ мубориза бар зидди бемориҳои сил, аз соли 2011 то 6 январи соли 2014 ба ҳайси директори  Маркази милии тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои вазифа намудааст.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, марҳум дар тӯли фаъолияти пурсамари меҳнатиаш, ҳамчун номзади илми тиб бо унвонҳои гуногун, аз ҷумла “Аълочии тандурустии Тоҷикистон”,   медали “Хизмати шоиста”,  нишони сарисинагии “Аълочии соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ”, унвони фахрии “Корманди шоистаи Тоҷикистон” қадрдонӣ шудааст.