Донишҷӯи бозгашта аз таҳсили ғайриқонунӣ ба раис таъмири мактабро ваъда дод

Ҳасан Субҳонзода, зода ва истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ, ки дар Туркия ғайриқонунӣ таҳсил карда, ҳамроҳи хонаводааш ба тиҷорат машғул будааст, бо даъвати шаҳрдории Исфара ба зодгоҳ баргаштааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Исфара, раиси шаҳр Сиҷоуддин Саломзода  ҷавони бозгаштаро ба ҳузур пазируфта, суҳбат кардааст.

Субҳонзода ҳадафи сафараш ба Туркияро таҳсил, омӯзиши забон ва роҳандозии тиҷорат гуфта, таъкид намудааст, ки айни ҳол ба савдои меваи хушк машғул мебошад.

Се сол муҳлат: амри раисиҷумҳур барои бунёди ҳаммом, кошонаи ҳусну майдонча дар деҳот(АКС)

Раиси Исфара бо зикри вазъи ҳассосу печидаи ҷаҳони муосир аз Ҳасан Субҳонзода даъват кардааст, ки ҳамагуна амалашро дар мавриди таҳсил ва кору фаъолият минбаъд танҳо дар доираи қонун анҷом бидиҳад.

Ҳасан Субҳонзода дар навбати худ изҳор доштааст, ки барои таъмиру ободонии мактаби миёнаи №27-и ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ сармоягузорӣ карда, минбаъд низ барои ободию пешрафти диёр саҳмгузорӣ хоҳад кард.

Шаҳрдории Исфара дар пайи нашри хабари бозгашти Субҳонзода, афзуд, ки феълан корҳои фаҳмондадиҳӣ барои баргардондани 5 ҷавони дигар идома доранд.