Посухи Нурмуҳамедов ба Макрегор барои таҳқири падар

Конор Макрегор варзишкори Ирландӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва падари ӯро тарсу хонд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 сен – Sputnik. Қаҳрамони Ultimate Fighting Championship (UFC) дар вазни сабук Ҳабиб Нурмуҳуммедов зимни нишасти матбуотӣ ба суханони таҳқиромезӣ Конор Макрегор нисбату ӯ ва падараш ҷавоб гуфт.

Навори нишасти матбуотӣ дар Twitter ба нашр расидааст.

Зимни нишасти матбуотӣ Макрегор чандин бор нисбати рақибаш суханҳои таҳқиромез гуфт. Вай зимни суханрониаш Ҳабиб ва падарашро тарсу донист. Аммо Ҳабиб босабр афзуд, ки “аз ҳама муҳим рақобати шашуми октябр аст”.

“Чиченҳо медонанд, ки чаро ман ӯ ва падарашро тарсу медонам. Вай дар Instagram-и худ акси Рамазон Қодировро нашр намуда, навиштааст, ки  “мо дарякҷоягӣ пурзуртарем”. Эҳтироми қалбақӣ аз тарс. Чиченҳо медонанд, агар падари Ҳабиб  имконият медошт, пушти Қодиров корд мезад. Вай метавонад ин корро дар як лаҳза анҷом диҳад ва қудратро ба дасти худ гирад. Аммо вай ҳеҷ коре накард, ба ҳамин хотир вай як тарсу аст”, - шарҳ додааст Макрегор.

Ҳабиб дар навбати худ босаброна таъкид кард, ки “падар ҳамеша насиҳат мекунад, ки таслим нашавам ва рақиби худамро эҳтиром кунам”.

“Ҳаминро падар ба ман меомӯзонад. Ман ҳеҷ гоҳ таслим намешавам ва ба рақибам эҳтиром мегузорам. Ман дар бораи падари ӯ ҳеҷ чиз намегуям, чунки намехоҳам. Ман ба ӯ дар майдон дарси адаб медиҳам”, - гуфт Нурмуҳаммедов.

Ёдрас мешавем, ки Макрегор барои гузаронидани шаш рақобати дигар бо UFC шартнома ба имзо расонд.

Тибқи шартномаи мазкур, яке аз рақобатҳои Конор Макгрегор бо Ҳабиб Нурмуҳаммедов хоҳад буд.