Обуҳавошиносон: Дар Тоҷикистон боридани борону раъду барқ дар назар аст

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат дар бештари ноҳияҳои кишвар нисбат ба рӯзҳои қаблӣ то 2 дараҷа паст мегардад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik.  Бино ба иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки боронӣ пешгӯӣ гардида, ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5-10, рӯзона 24+29 ва дар шарқи ин вилоят шабона 1-6 ва рӯзона +10+15 дараҷа гарм мешавад.

Дар ҳамин ҳол дар вилояти Суғд ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона +10+15 ва рӯзона +22+27 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боронҳои кӯтоҳмуддат пешбинӣ мешавад. Дар водиҳо шабона 10-15 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрноки тағйирёбанда гашта, борон ва раъду барқ ба амал меояд. Шабона +9 +14 ва рӯзона +24+29 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри пойтахт шабона ва рӯзона боридани боронҳои кӯтоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Шабона +11+13 ва рӯзона +25+27 дараҷа гарм мешавад.