Қурби рубл дар Тоҷикистон рӯ ба афзоиш овард

Қурби рубли русӣ дар Тоҷикистон, ки тайи моҳҳои охир поин мерафт, майли афзоиш кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Бонки Миллии Тоҷикистон мегӯяд, қурби рубли русӣ , 20 сентябр дар бонкҳои кишвар аз 0.1385 то 0.1410 сомонӣ муайян шудааст.

Қаблан арзиши 1000 рубли русӣ то 134 сомонӣ поин рафта буд.

Бонки миллӣ афзудааст, ки дар бозори нақд қурби 1 доллари ИМА 9.43 ва 1 евро аз 11, 0 то 11.05 сомонӣ мебошад.

Дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба қурби рубл, ки аксари муҳоҷирони тоҷик дар Русия бо ин асъор маош мегиранд, зиёд буда, поинравии он зарбаи ҷиддӣ ба даромади  хонаводаҳо дар ин кишвар арзёбӣ мешавад.

Бонки Миллӣ ҳушдор додааст, ки берун аз бонкҳо, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо мубодилаи асъор қатъиян манъ мебошад ва нақзи меъёри мазкур ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноӣ дар пай дорад.