Суҳбати Раҳмон бо додситонҳои ИДМ дар бораи марз бо Афғонистон ва қочоқи силоҳу нашъа

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон додситонҳои кулли кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Ҳамкории Шанхайро, ки феълан дар Душанбе қарор доранд, ба ҳамгироии бештар даъват кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон додситониро яке аз сохторҳои муҳимтарини дастгоҳҳои давлатӣ ва ҷомеаи қонунӣ арзёбӣ кард.

“Мулоқотҳои имрӯза барои табодули таҷриба ва муайян кардани самтҳои нави кӯшишҳои муштарак ҷиҳати тақвият додани волоияти қонун, амният ва субот дар кишварҳо имкон фароҳам меорад”, - изҳори умед кардааст Раҳмон.

Раҳмон додситонҳоро муваззаф кард, ки аз дороиҳояшон гузориш диҳанд

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон афзуд, ки зимни мулоқот масъалаҳои муборизаи муштарак бар зидди ҷинояткорӣ, аз ҷумла шаклҳои трансмиллӣ ва ташкилёфта, шиддатнокии таҳдидҳои терроризм, ифротгароӣ, экстремизм ва мушкилоти амниятӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи мураккаби сиёсӣ дар як қатор кишварҳои ҷангзадаи олам, оқибатҳои фалокатбори муноқишаҳои сиёсӣ ва талафоти ҷонии аҳолии осоиштаи ин давлатҳо изҳори нигаронӣ карда, ҳамгироии муштараки кишварҳои аъзои ИДМ ва СҲШ, барои таъмини амният дар қаламрави давлатҳо ва минтақа зарур шумурдаст.

“Пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва аслиҳа, пурқувват кардани ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Афғонистон, таъмини амнияти иттилоотӣ, мубориза бо ҷинояткории кибернетикӣ ва дигар зуҳуроти барои ҷамъият хавфнок аз масъалаҳои дигару муҳими мулоқот буданд”, - иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон.