ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи Рӯдакӣ Гулрухсор Сафиева 18 сентябр дар Маракази фарҳангии Фаронса дар Душанбе “Бактрия” китоби наваш – “Лабчанг”-ро рӯнамоӣ кард.
Дар маҳфиле ки онро худи шоир “Мо барои васл кардан омадем” унвон кард, намояндагони дипломатии кишварҳои хориҷӣ – сафири Фаронса, Ясмин Гуедер, сафири Эрон Ҳуҷатуллоҳ Фағонӣ ва сафири Озарбойҷон Аббосалӣ Ҳасанов дар Тоҷикистон, фарҳангиёни тоҷик, шоирон, ҳунармандони театр ва ҳаводорони шеъри Гулрухсор ширкат доштанд.
Гулрусор Сафиева, дар сарсуханаш тавзеҳ дод, ки барои чӣ номи китоби навашро “Лабчанг” гузоштааст.
“Лабчанг – як навъи асбобе ҳаст, ки дар минтақаҳои дурдасти кӯҳистон занҳо барои худашон меофаранд, Давлатманд Холов дар ансамблаш аз ин асбоб истифода мебарад. Агар мардҳо барои худ най офарида бошанд, занҳо “Лабчанг” сохтаанд. Устоди аввалини ман занҳои қишлоқанд ва ман шогирди Мактаби олии эҷодиёти даҳонакии халқ ҳастам”, - гуфт вай.
Дар маҳфил Сафири Фаронса дар Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедер баромад карда, гуфт, ки дар назди Гулрухсор ба эҳтиром қоил аст.
“Ман фикр мекунам, ки ин хушбахтист, ки бисёриҳо ба рӯнамоии китоби Гулрухсор омаданд. Барои ман ифтихори бузург аст, ки дар ин шом ҳамроҳи шумо ширкат кунам. Ман хушбахтам, ки дар рӯнамоии китоби шумо ҳузур дорам. Эҳтироми худро ба шумо баён мекунам. Барои хушбахтие, ки ба одамони зиёд ҳадя мекунед, ташаккур мегӯям”, - изҳор дошт вай.
Дар маҳфил роҳбари бахши адабии театри Лоҳутӣ Ортиқ Қодир, рӯзноманигор Бахтовар аз ва худи Гулрухсор Сафиева шеърҳо қироат карданд.
Гулрухсор Сафиева 17 декабри соли 1947 дар деҳаи Яхчи ноҳияи Нурободи водии Рашт ба дунё омадааст. Соли 1968 факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Ба ҳайси мухбири рӯзномаи "Комсомоли Тоҷикистон" (1968-1969), мудири бахши фарҳанг ва матбуоти Кумитаи марказии Комсомоли ленинии ҶШС Тоҷикистон (1969-1970), сармуҳаррири рӯзномаи "Пионери Тоҷикистон" ва маҷаллаи "Машъал" (1970-1972), сармуҳаррири рӯзномаи "Пионери Тоҷикистон" (1970-1981) кор кардааст.
Гулрухсонр солҳои 1987-1993 раиси Бунёди фарҳанги Тоҷикистон буд. Ӯ Котиби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Узви Асотсиатсияи нависандагони Осиё ва Африко, Раиси Хазинаи байналмилалии фарҳанги Тоҷикистон, Вакили Совети Олии СССР (1989-1991). Президенти Академияи байналмилалии фарҳанги ЕвроОсиё (1994 — 2004, Русия) буд.
Асарҳои Гулрухсор Сафиева ба забонҳои гуногуни мамолики ҷаҳон нашр шудааст. Ӯ нахустин нависандаи роман дар бораи зани тоҷик, дар Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон мебошад.
Аввалин шеъраш "Баҳор" 1962 унвон дошт. Шеъри ин шоираи наврас "Тоҷикистон" ҳамон сол дар рӯзномаи ноҳиявии Ғарм "Қаротегини советӣ" нашр шуд. Аввалин маҷмӯаи шеъриаш "Бунафша" соли 1970 ба дасти мухлисонаш расид. Ин маҷмӯа аз шоири ҷавону ояндадор будани Гулрухсор ба ворисони шеъри ноб мужда медод.
Ба дунбол китобҳои "Хонаи падар"(1973), "Шабдарав" (1975),"Афсонаи кӯҳӣ" (1975), "Дунёи дил" (1977), "Ихлос" (1980), "Оташи Суғд" (1981), "Гаҳвораи сабз" (1984), "Сипар" (1984) "Оинаи рӯз" (1984), "Шабнам"(1986), "Рӯҳи Бохтар" (1987), "Қасидаи кӯҳистон" (1988), "Тахти сангин" (1992), "Зодрӯзи дард" (1995), "Дар паноҳи сояи худ" (1998), "Рӯзномаи берӯз" (2000), "Зан ва ҷанг" (2000, 2004, 2013), "Девон" (2004), "Биҳишти хобҳо" (2004), "Девон" (2006), "Сад барги ғазал" (2007), "Ҷовидона" (2009) "Шӯъла дар санг" 2011, "Таронаи Ватан" 2012, ба нашр расиданд.