Хайр тобистон: имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 2 дараҷа паст мешавад

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои тобеи марказ боридани боронҳои кӯтоҳмуддат дар назар аст. Ҳарорат дар бештари ноҳияҳои кишвар нисбат ба рӯзҳои қаблӣ то 2 дараҷа паст мегардад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Ба иттилои Ожонси обуҳавошиносии Тоҷикистон имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки бебориш пешгӯӣ гардида, ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6-11, рӯзона 20+25 ва дар шарқи ин вилоят шабона 2-7 ва рӯзона +8+13 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар вилояти Суғд ҳавои абрноки тағйирёбанда ва бебориш пешгӯӣ шудааст. Ҳаво дар водиҳо шабона +10+15 ва рӯзона +30+35 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, чангу ғубор боқӣ мемонад. Дар водиҳо шабона 18-23 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрноки тағйирёбанда гашта, дар баъзе ҷойҳо боридани борон дар назар аст. Шабона +8 +13 ва рӯзона +25+30 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, чангу ғубор боқӣ мемонад. Шабона +11+13 ва рӯзона +26+28 дараҷа гарм мешавад.