"Нелегал - 2018": дар Тоҷикистон марҳилаи нави мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ сар шуд

Дар амалиёти мазкур риояи будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар хонаҳои истиқоматӣ, меҳмонхонаҳо, хобгоҳҳо, корхонаву ташкилот ва иншооти корӣ мавриди санҷиш қарор дода хоҳанд шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Дар Тоҷикистон  марҳилаи нави амалиёти "Нелегал-2018" сар шуд, хабар медиҳад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, "Нелегал-2018" дар кишвар мутобиқи қарори Шӯрои ҳамоҳангсозии мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор мешавад.

"Амалиёти муштараки ВУД, КДАМ ва Вазорати меҳнат аз санаи 17-ум то 25-уми сентябри соли ҷорӣ марҳилаи дуюми чорабиниҳои оперативӣ-профилактикӣ ва амалиёти махсуси мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ, таҳти унвони шартии "Нелегал-2018" гузаронида мешавад", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Ба гуфтаи сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати умури дохилӣ Юнус Бобозода Назар дар чорабинӣ риояи будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар хонаҳои истиқоматӣ, меҳмонхонаҳо, хобгоҳҳо, корхонаву ташкилот ва иншооти корӣ мавриди санҷиш қарор дода хоҳанд шуд.

Ҳамчунин зимни амалиёт шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат ва будубош доранд, муҳлатнокии раводид, бақайдгирии шиносномаҳои онҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ, доштан ва ё надоштани иҷозатномаи фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ, эътиборнокии мӯҳлати шиносномаҳои онҳо ва бечунучаро риояи қонунҳои амалкунанда ва санадҳое, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, мавриди санҷиш қарор дода мешаванд.