Заминҷунбии 4,9 балла дар Тоҷикистон

Маркази заминҷунбӣ дар шимолу шарқи ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон Тоҷикистон ҷойгир шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Бино ба иттилои маркази зилзилашиносии Урупо (EMSC) шоми 17 сентябри соли равон дар ноҳияи Муъминободи Тоҷикистон заминларза сар зад, ки қувваи он 4,9 баллро ташкил додааст.

Ба иттилои манбаъ, заминҷунбӣ дар ҳудуди Тоҷикистон соати 19:00  ба қайд гирифта шудааст. Маркази заминҷунбӣ дар шимолу шарқи ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон, дар жарфои 10 километр будааст.

Талафоти ҷониву молие ба қайд гирифта нашудааст.

Ёдрас мешавем, ки бори охир заминҷунбӣ дар Тоҷикистон рӯзи 13 июли соли равон, ки қувваи он 5,2 баллро ташкил медод, рух дода буд.