Иштироки Далер Назаров дар таҷлили Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Рӯзи 23-юми сентябри соли равон дар назди театри ба номи Камоли Хуҷандӣ бо иштироки меҳмонони дохиливу хориҷӣ Рӯзи шаҳри Хуҷанд таҷлил карда мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳри Хуҷанд, рӯзи 22 сентябри соли равон дар Кохи «Суғдиён» Рӯзи Рӯдакӣ ва санаи 23 сентябр дар назди театри Камоли Хуҷандӣ бо иштироки меҳмонони дохиливу хориҷӣ Рӯзи шаҳри Хуҷанд таҷлил карда мешавад.

Ба гуфтаи манбаъ, Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳр  ба тамоми сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷандро вазифадор намудааст, ки барои дар сатҳи баланд гузаронидани "Рӯзи шаҳри Хуҷанд" саҳмгузор бошанд.

Дар таҷлили Рӯзи шаҳри Хуҷанд барои меҳмонон ва сокинони шаҳр барномаҳои гуногуни фарҳангӣ пешниҳод хоҳад шуд.

Душанбе дар даҳгонаи беҳтарин шаҳрҳо барои гардишгарии тирамоҳӣ дар ИДМ

Инчунин ба гуфтаи манбаъ, беш аз 70 адад хаймаи дастовардҳои соҳаҳои гуногуни шаҳр бо шумули маҳсули ҳунарҳои миллӣ, маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ, бофандагӣ, қаннодӣ, ширӣ, гӯштӣ ва ғайра ба маърази тамошо гузошта мешавад.

Инчунин дар ин рӯз, раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф маҳаммадзода ба чанд нафар унвони «Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд» ва ба 40 нафар занҳои ҳунарманд грантҳои раиси шаҳри тақдим хоҳад кард.

Аз ҷумла, ҳунарманди саршиноси Тоҷикистон Далер Назаров дар барномаи фарҳангии Рӯзи шаҳри Хуҷанд иштирок хоҳад кард.

Лозим ба ёдоварист, ки сокинони шаҳри Хуҷанд соли чорум аст, ки Рӯзи шаҳрро таҷлил менамоянд.