ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Бино ба иттилои Ожонсии омори Тоҷикистон дар моҳи январ-августи соли равон содир шудани беш аз 15,6 ҳазор ҷиноят ба қайд гирифта шуд.
"Бояд қайд намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ дар Тоҷикистон се ҳазору 664 ҷинояти сангин содир шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-августи соли гузашта 2,2 баробар кам мебошад",-таъкид кардааст манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, теъдоди ғоратгарӣ ба 25,2 дарсад афзоиш ёфтааст. Инчунин ҷиноятҳои қасдан расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ ба 12,6 дарсад ва қаллобӣ 5,2 дарсад низ афзоиш ёфтааст.
Ба гуфтаи манбаъ, дар давраи ҳисобтӣ ҳолатҳои куштор ва қасд ба ҷони инсон 1,5 дарсад, дуздӣ 8,3 дарсад ва роҳзанӣ 31,4 дарсад коҳиш ёфтааст.
Ошкорсозии ҷиноятҳо дар моҳҳои январ-августи соли равон 80,5 дарсадро ташкил намудааст. Соли гузашта ин нишондиҳанда ба 80,7 дарсад расида буд.