ВУД дар Душанбе амалиёти прафилактикии “Одоби шаҳрдорӣ” мегузаронад

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе амалиёти прафилактикии “Одоби шаҳрдорӣ” мегузаронад, ки барои пешгирии ҳолатҳои муносибати дағалонаи шаҳрвандон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ равона шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Дар ҷойҳои ҷамъиятии шаҳри Душанбе кормандони ВУД вобаста ба амалиёти "Одоби шаҳрдорӣ" корҳои фаҳмондадиҳӣ ва прафилактикӣ мегузаронанд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ВУД Тоҷикистон.

"Дар доираи амалиёти профилактикӣ ва маърифатӣ таҳти унвони "Одоби шаҳрнишинӣ" бо мақсади пешгирии ҳолатҳои муносибати дағалонаи шаҳрвандон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, авбошиву кирдорҳои зидддиҳуқуқӣ ва баланд бардоштани одобу ахлоқи ҷавонон, гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуда, фаъолият дар ин самт таҳти назорати ҷиддӣ қарор дода шудааст", гуфтааст манбаъ.

Манбаъ таъкид намудааст, ки ҳафтаи гузашта, кормандони милитсия дар ҳайати гурӯҳҳои корӣ якчанд ҳолатҳои ба майдаавбошӣ даст задани шаҳрвандон, махсусан ҷавонон дар мавзеъҳои ҷамъиятии шаҳри Душанбе муайяну ошкор намуданд.

Ба гуфтаи манбаъ, нисбати ҳуқуқвайронкунандагон парвандаҳои маъмурӣ тартиб додода шудааст.