ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон 31 августи соли равон қарор дар бораи меъёрҳои физиологии истеъмоли маҳсулоти асосии ғизоӣба сари ҳар нафарро ба имзо расонд.
Қарори мазкур дар саҳифаи маълумоти ҳуқуқии Вазорат адлияи Тоҷикистон нашр шудааст.
Бар асоси феҳристи тасдиқшуда, ба ғизои тавсиявӣ барои сокинони Тоҷикистон нону маҳсулоти нонӣ, ғалладонагиҳо, лӯбиё, гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, моҳӣ, шир ва маҳсулоти ширӣ, тухм, равған, қанд, сабзавоту маҳсулоти полезӣ, картошка ва чой дохил карда шудааст.
Тибқи меъёрҳои мазкур, як нафар дар давоми як шабонарӯз бояд 404 грам нон ва маҳсулоти нонӣ, 111 грамм гӯшту маҳсулоти гӯштӣ, 25 грамм моҳиву маҳсулоти он, 316 грамм ширу маҳсулоти ширӣ, инчунин ними тухми мурғ истеъмол намояд.
Тибқи қарори мазкур Вазорати рушди иқтисод ва савдо, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, кишоварзӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, саноат ва технологияҳои нав дар сурати зарурӣ метавонанд ба меъёрҳои тавсияшудаи физиологии истеъмоли ғизо тағйирот ворид намоянд.