Аввал артиш баъд донишгоҳ: эҳтимоли бозгашти қонуни шӯравӣ ба Тоҷикистон

Кишвардори Тоҷикистон ҳушдор дод, ки эҳтимол қонуни замони шӯравӣ, ки ба донишгоҳҳо танҳо баъди адои хидматӣ ҳарбӣ қабул мекарданд, дубора дар кишвар ҷорӣ шавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ВМКБ аз артишгурезии ҷавонон дар Хоруғ интиқод кард, ки нақшаи даъват дар шаҳр асосан аз ҳисоби донишҷӯёни донишгоҳ аз навоҳии дигар таъмин мешавад.

Як моҳ муҳлат ба Ятимов, Раҳимзода, раиси ВМКБ: лозим шавад қувваҳои мусаллаҳро кор баред

Ӯ суол гузошт, ки оё ин аз рӯи инсоф аст вақте раисиҷумҳур дар ҳар сафараш дархостҳои ироашударо қабул мекунаду иҷро менамояд ва сокинон дар посух чунин амал мекунанд.

"Ин барои таънаю маломат нест. Ин қадар маблағе, ки барои ободии шаҳри Хоруғ равон кардам, барои дигар шаҳру навоҳии вилоят сарф накардам. Ин ҷавобан ба ҳамин ғамхориҳои давлату Ҳукумат аст?", — суол гузошт Эмомалӣ Раҳмон.

Ӯ дар идома изҳор дошт, ки як роҳи ҳалли ин мушкил вуҷуд дорад ва замони шӯравӣ, се соли хидматаш дар Уқёнуси Оромро зикр кард.

"Ман ҳам се сол хизмат кардам. Ҳама агар дар хушкӣ хидмат карда бошанд, ман дар Уқёнуси Ором хидмат кардаам. Замони Шӯравӣ чунин қонун буд, ки зимни қабул ба донишгоҳ, ду сол собиқаи корӣ медоштӣ, дар сафи артиш хидмат мекардӣ, баъд ҳуҷҷатҳоро месупоридӣ" — изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон ва ҳушдор дод, ки эҳтимоли бозгашти ин қонун вуҷуд дорад.

"Агар шаҳри Хоруғ ҳамин нағмаатон бошад, ин қонунро ман амалӣ мекунам дар ин ҷо", — таъкид намуд раисиҷумҳур.

Ӯ мақомоти масъул, аз шаҳрдорӣ, то маорифу мудофиа ва варзишу ҷавононро муваззаф кард, ки барои тарбияи ватандӯстии ҷавонони шаҳри Хоруғ чораандешӣ кунанд.