Намояндаи палатаи савдои Русия: Тоҷикистон ба молу маҳсулоти гуногуни Русия ниёз дорад

Сергей Ключарев, намояндаи палатаи савдо ва саноати Русия гуфт, ки Тоҷикистон саноати пешрафта надорад ва ба тамоми намуди молу маҳсулоти Русия ниёз дорад.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Сергей Ключарев, намояндаи палатаи савдо ва саноати Русия дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон афзудааст, ки Тоҷикистон дар шароити имрӯза ба маҳсулоти гуногуни саноатии Русия ниёз дорад.

Ба гуфтаи вай, Тоҷикистон ҳоло саноати қавӣ надорад ва ба ҳамин далел ба маҳсулоти гуногун ниёз дорад.

Даъвати палатаи савдои Тоҷикистон аз Русия: биёед форуми соҳибкорон гузаронем

"Тоҷикистон ба ҳамаи чиз ниёз дорад. Тоҷикистон имрӯз ба нақлиёт, техникаҳои кишоварзӣ, таҷҳизот барои саноати ғизоӣ ва ғайра ниёз дорад. Инчунин соҳаи энергетика дар Тоҷикистон дар ҳоли рушд аст ва ин соҳа низ ниёзманд ба таҷҳизот мебошад", — таъкид кард вай.

Ба гуфтаи Сергей ключарев Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир бозори дохилиашро комилан ба семент таъмин намудааст.
Ба гуфтаи вай сифати молу маҳсулоте, ки дар Тоҷикистон истеҳсол мешавад, олӣ мебошад, аммо хуб бастабандӣ карда намешавад.

"Новобаста аз онки маҳсулоти Тоҷикистон начандон хуб орову бастабандӣ мешавад, сифати он дар сатҳи олӣ мебошад. Аммо дар солҳои охир ширкатҳое низ пайдо шуданд, ки мисли ширкатҳои хориҷӣ маҳсулоташонро орову бастубандӣ мекунанд", — афзуд вай.

Инчунин ба гуфтаи Сергей Ключарев, Тоҷикистон бояд соҳаи саноати сабукашро рушд диҳад.

"Дар Тоҷикистон пахта ҳаст ва онро бояд дар дохил коркард карда маҳсулот истеҳсол намоянд. Ҳоло баъзе аз корхонаҳои Тоҷикистон ба Русия маҳсулот содир мекунанд, аммо на ба қадри кофӣ. Тоҷикистон бештар бояд ба маркетинги маҳсулоташ аҳмият диҳад", — таъкид кард вай.