ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Сайфиддин Сайфиддинов, масъули Вазорати кишоварзии Тоҷикистон мегӯяд, иди мазкур ҳамасола миёнаи моҳи сентябр таҷлил мегардад. Дар ҷашни имсола занбӯрпарварон аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон маҳсулоташонро дар бозори "Меҳргон" ба намоиш ва фурӯш гузоштаанд.
Сайфиддинов бо таъкиди хосиятҳои табобатии асал изҳор дошт, ки нархи он имрӯз вобаста ба таркиб ва сифат аз 20 то 60 сомониро ташкил медиҳад.
Ӯ афзуд, ки бо қарори Ҳукумат корхонаи воҳиди давлатии "Асали Тоҷикистон" ташкил гардида, феълан фаъолият дорад.
"Корхонаи мазкур дар асоси барномаи ҳукуматӣ ба навоҳии куҳистони Тоҷикистон оилаҳои занбӯрро тақсим карда, барои рушди ин соҳа мусоидат мекунад", — изҳор дошт Сайфиддинов.
Ӯ иттилоъ дод, ки дар пайи татбиқи лоиҳаҳои занбӯрпарварӣ феълан истеҳсоли асал дар Тоҷикистон ба 4200 тонна расонда шудааст.