Бархӯрди "Дамас" бо "Дулан" ду кушта барҷой гузошт

Дорожный знак, архивное фото
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, 14 сентябр бархӯрди худрави "Дамас" бо мошини боркаши "Дулан" ду кушта барҷой гузошт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ, Рӯзибой Исломқулов, ронандаи 19-солаи "Дамас" ҳангоми ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи "Дулан", таҳти идораи ронандаи 32-сола, Рӯзибоев Шамсиддин бархӯрдааст.

"Дар натиҷа мусофирони автомашинаи тамғаи "Дамас"  -  Шукуров Ғулом Неъматҷонович, соли таваллудаш 1981 ва Тошматов Маъруф Қучқорович, соли таваллудаш 1965, сокинони шаҳраки Навкати вилояти Суғд, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд", — омадааст дар иттилоияи ВУД.

Манбаъ афзуд, ки садамаи дигари маргбор дар ин рӯз дар шаҳри Хоруғ ба қайд гирифта шудааст.

ВУД мегӯяд,  Рустам Қадамалиев, ронандаи 39-солаи автомашинаи "Чанху",  сокини шаҳри Хоруғ, ҳангоми ҳаракат аз самти маҳаллаи Хоруғи боло ба  ҷамоати Сучон, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, велосипедрони 20-сола, Ғуломҳусейнов Ошурмамад, сокини кӯчаи В.Гулмамади шаҳри Хоруғро зер намудааст.

"Дар натиҷа, вилосипедрон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, ба ҳалокат расидааст", — иттилоъ дод ВУД.