Баррасии омодагиҳо ба мавсими тирамоҳу зимистони пойтахт дар Маҷлиси вакилони халқӣ

Дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар бораи омодагии пойтахт ба мавсими тирамоҳу зимистон ва вазъи рушди сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе ҳисобот дода мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе, бо қарори Рустами Эмомалӣ, раиси пойтахт, Иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум 24 сентябри соли 2018 баргузор мешавад.

Ба рӯзномаи иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум масъалаҳои одагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 ва вазъи рушди сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе дохил карда шудааст.

Ба гуфтаи манбаъ, дар иҷлосияи мазкур ҳисоботи муовини якум, муовинони раиси шаҳри Душанбе ва раисони ноҳияҳои шаҳр ҷиҳати омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 дар шаҳри Душанбе шунида мешавад.

Инчунин муовини раиси пойтахт Муинӣ Мавсума Муинзода дар бораи вазъи рушди сайёҳӣ дар пойтахти кишвар ҳисобот пешниҳод мекунад.

Дар ҳамин ҳол тибқи иттилои манбаъ, ба ҳамаи вакилон супориш дода шуд, ки аз 14 то 22 сентябр дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда, аз натиҷаи онҳо ба гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия пешниҳодҳои мушаххасро манзур намоянд.