Охирзамони тоҷикӣ: ҷавони шӯхи тоҷик дар барномаи "ТНТ" тамошобинонро тасхир кард (ВИДЕО)

Хайём Раҳмонов, ҷавони 21-сола аз шаҳри Душанбе бо шӯхиҳояш дар бораи боварҳои шахшудаи мардуми Русия дар мавриди тоҷикон, даҳҳо ҳазор тамошобинро дар Ватану хориҷ аз он тасхир кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Раҳмонов ахиран дар барномаи ҳаҷвии "Открытий микрофон", мавсими сеюм, нашри дуюм дар шабакаи "ТНТ" ҳунарнамоӣ карда, изҳор дошт, ки 4 сол боз дар Русия аст ва аз "стериотип"-ҳо дар бораи тоҷикон гиламанд шуд. Ҳунарнамоии ин ҷавони тоҷикро, ки дар шаҳри Санкт Петербург таҳсил кардааст, ҳамватанони зиёд писандиданд ва дар шабакаҳои интернетӣ бознашр намуданд.

Ҷавони тоҷик дар барнома гуфт, русҳоро бо майзадаҳо рабт медиҳанд ва ин безарар аст, ин мардум метавонанд баҳузур май нӯшида истироҳатро давом диҳанд. Аммо ӯ, ки мутахассису мударриси барномасозӣ аст, аз он ки русиягиҳо тоҷиконро танҳо таъмиргару кӯчарӯбу сохтмончӣ мепиндоранд, зиён мебинад.

Раҳмонов афзуд, як сол боз наметавонад, шогирд пайдо кунаду барномасозиро таълим диҳад. Мегӯяд, дар Русия бовар намекунанд, ки ӯ барномасоз асту ҳар боре аз ин соҳа суҳбат мекунад, мепурсанд, ки ин калимаҳои мушкилро аз куҷо ёд гирифтааст.

Ӯ тайи барнома инчунин дар бораи ҳаёташ дар хобгоҳ, баҳогирӣ, "шпател"-и туҳфакардаи дӯстон дар зодрӯз ҳазл карду доварону тамошобинонро тасхир намуд.

Хайём Раҳмонов дар охири баромадаш гуфт, мо тоҷикон барои ғасби Русия омадем, аммо чун ифлосиҳои зиёде дидем, тасмим гирифтем, нахуст ин ҷоро ба тартиб орем ва дар хитоб ба тамошобинон афзуд, ки омода бошед, ба зудӣ охирзамони тоҷикӣ фаро мерасад.

Доварон ҳушмандию закӣ будани Раҳмоновро тавсиф карда, изҳори умед намуданд, ки дар симои ӯ ҳаҷвнигоре аз Тоҷикистон вориди ин бахши ҳунар дар Русия мешавад.