Ифтитоҳи НБО-и “Тоҷикистон” дар Мурғоб: аҳолӣ пурра бо барқ таъмин мегардад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз дар ноҳияи Мурғоб Нерӯгоҳи барқи обии хурди “Тоҷикистон”-ро, ки пурра ноҳияро ба барқ таъмин мекунад ифтитоҳ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷиикстон, нерӯгоҳи барқи обии хурди "Тоҷикистон", ки имрӯз Эмомалӣ Раҳмон,  ифтитоҳ кард, дорои иқтидори 1500 кВт буда, пурра ниёзи ташкилоту идора ва аҳолии ноҳияи Мурғобро таъмин менамояд.

Манбаъ таъкид намудааст, ки сокинони ин ноҳияи дурдаст дар самти дастрасӣ ба нерӯи барқ танқисӣ доштанд ва бо истифода додани неругоҳ мушкили чандинсолаи онҳо бартараф хоҳад шуд.

Баландии сарбанди неругоҳ 64 метр ва дарозии он 12 метрро ташкил медиҳад. ИНчунин сарбанди мазкур дар Тоҷикистон ягона сарбанде мебошад, ки дар он иншооти махсуси моҳигузар сохта шудааст.

Неругоҳ дорои ду адад агрегат буда, ҳар яки иқтидори истеҳсоли онҳо 750 кВт нерӯи барқро ташкил медиҳад. Идоракунии дастгоҳҳо пурра ба таври автоматӣ ба роҳ монда шудааст. Кори таҷҳизоти он тавассути системаи "СКАДА" назорат ва идора карда мешавад.

Нерӯгоҳи барқи обии "Тоҷикистон" аз лиҳози ҷойгиршавӣ дар мавзеъи баландкуҳ баъди Нерӯгоҳи барқи обии хурд бо тавоноии ҳамагӣ 15 кВт дар Непал аз ҷиҳати мавқеъ дар дунё ҷойи дуюмро ишғол менамояд.

Манбаъ таъкид кардааст, ки дар зарфи 27 соли соҳибистиқлолии кишвар дар Тоҷикистон баробари бунёду таҷдиди калонтарин неругоҳҳои барқии обӣ, сохтмони даҳҳо неругоҳҳои хурд сурат гирифтааст, ки имрӯз аксари онҳо талаботи аҳолиро қонеъ менамоянд.

Инчунин Эмомалӣ Раҳмон, дар ноҳияи Мурғоб бинои нави маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро ифтитоҳ кард.

Ба гуфтаи манбаъ, ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб аз соли 1932 таъсис ёфта, то имрӯз кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бинои асосии худро надоштанд.
Бинои мазкур аз ду ошёна ва таҳхона иборат аст. Сохтмони иншооти мазкур ҳанӯз моҳи августи соли 2017 оғоз гардида буд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз дар ноҳияи Мурғоб ҳамчунин бинои маъмурии Шуъбаи ҳифзи муҳити зистро ифтитоҳ кард.

Бино аз 3-ошёна иборат аст ва он ҷавобгӯ ба талаботи муосир бунёд шудааст.

Дар ошёнаи якуми бино, Осорхонаи гӯсфанди "Марко Поло" ташкил карда шудааст.

Манбаъ таъкид кардааст, ки Осорхонаи гӯсфанди "Марко Поло" дар вилоят назир надошта, ҳадафи ташкили он ҳифз ва зиёд намудани саршумори ин ҳайвони нодири Тоҷикистон мебошад.