ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Сарҳадбонони Украина шаҳрванди Тоҷикистонро, ки узви гурӯҳи террористии "ДОИШ" дониста мешавад, дар фурудгоҳи Борисполи шаҳри Киев дастгир кардаанд.
Тибқи иттилои мақомоти марзбонии Украина, ҳангоми санҷиши мусофирони ҳавопаймо сарҳадбонон шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки номаш дар рӯйхати пулиси байналмилалӣ будааст, дастгир кардаанд.
"Ин шаҳрванд бо ҷурми амалҳои террористӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар ҷустуҷӯ будааст. Ин шаҳрванди Тоҷикистон соли 2016 ба Сурия рафта, дар он ҷо ба гурӯҳи террористии "ДОИШ" шомил шудааст", — гуфта мешавад дар хабари мақомоти марзбонӣ.
Муайян гардидааст, ки боздоштшуда дар пойгоҳҳои ҳарбӣ-террористии "ДОИШ" омӯзишҳои низомӣ гузашта, яке аз ҷосусони фаъоли ин гуруҳи ифротгаро будааст.
Сарҳадбонон дастгиршударо дар ихтиёри кормандони пулиси миллии Украина супурдаанд. Масъалаи истирдоди боздоштшуда ба Душанбе баррасӣ мешавад.