Даъвати палатаи савдои Тоҷикистон аз Русия: биёед форуми соҳибкорон гузаронем

Шариф Саид, раиси палати савдо ва саноати Тоҷикистон ва Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон масъалаҳои рушди ҳамкории доираҳои соҳибкорни ду кишварро баррасӣ намуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Дар Душанбе мулоқоти Шариф Саид, раиси Палатаи савдо ва саноат ва Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон баргузор гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуотии палатаи савдо.

Зимни мулоқот Шариф Саид ба сафири Русия пешниҳод намуд, ки бо мақсади рушди ҳамкориҳо ва ҷалби сармоя дар Тоҷикистон намоиши маҳсулот ва форуми соҳибкорони ду кишварро баргузор намоянд.

Аз ҷумла Шариф Саид барои баргузории намоиши бузурги молу маҳсулоти Русия дар Тоҷикистон, ба хусус дар шаҳрҳову навоҳии мухталифи кишвар даъват кард.

Вай таъкид кард, ки ширкатҳои Тоҷикистоние, ки дар намоишҳои байналмилалии Русия иштирок менамоянд, сол аз сол афзоиш меёбанд.

Дар ҳамин ҳол, Лякин-Фролов таъкиид кардааст, ки имрӯз Русия шарики асосии тиҷории Тоҷикистон буда, яке аз сармоягузори асосии ин кишвар мебошад..
Сафир афзудааст, ки яке аз соҳаҳои ояндадор рушди ҳамкорӣ, бахши кишоварзӣ будааст.

Лозим ба ёдоварист, ки дар моҳи июл дар шаҳри Хуҷанд намоиши тиҷории "Суғд-2018" баргузор шуд. Дар намоиши мазку беш аз 200 ширкати гуногуни дунё ба хусус аз Русия ширкат намуданд.

Ҳайати Русия сафар ба вилояти Суғдро судманд дониста, гуфта буданд, як чанд барномаҳои ояндадор роҳандозӣ шуд. Инчунин зимни намоиши мазкур чандин созишномаҳои муҳими ҳамкорӣ ба имзо расид.

Бино ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ дар соли гузашта 935 миллион долларро ташкил додааст, ки 23,6 дарсади гардиши савдои умумии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.