ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Дар Анҷумани муштараки соҳибкорони ноҳияи Спитамен ва шаҳри Бекободи Узбакистон густариши ҳамкориҳои минтақавӣ баррасӣ шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд.
Ба гуфтаи манбаъ, дар кори Анҷумани мазкур раиси ноҳияи Спитамен Сулаймонзода Акрам Раҳим, ҳокими шаҳри Бекободи Узбакистон Зафар Файзуллоев, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Аҳмадҷон Қобилов ва ҳайати калони соҳибкорони шаҳри Бекобод ва ноҳияи Спитамен иштирок намуданд.
"Анҷумани мазкур бо мақсади густариши ҳамкориҳои минтақавӣ сурат гирифт", — таъкид кардааст манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, Зафар Файзуллоев, ҳокими шаҳри Бекободи Узбакистон афзудааст, ки баргузории Анҷумани муштараки соҳибкорон таҷрибаи нахустини ҳамкориҳои расмии ноҳияи Спитамен ва шаҳри Бекобод буда, эътимоди комил аст, ки баргузори чунин чорабинии муштарак барои ҳамкории соҳибкорон шароити мусоид фароҳам меорад.
Дар рафти Анҷумани муштараки соҳибкорони ноҳияи Спитамен ва шаҳри Бекободи Узбакистон тарафҳо аз имкониятҳои мавҷуда ибрози назар карда, соҳибкорини ду минтақа дар бораи ҳамкориҳои оянда мубодилаи афкор карданд. Инчунин тарафҳо аз имкониятҳои ҳамкорҳои оянда иброзӣ назар карданд.