Раҳмон бадахшониҳоро ба зиндагӣ дар Данғара даъват кард: марҳамат 100 ҳазор гектар замин

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар доираи сафари корияш ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон таъмини аҳолиро бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ яке аз масоили мубрам хонд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Дарвоз гуфт, бо афзоиши зичии аҳолӣ таъмини ниёзмандон бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ, махсусан дар маркази ноҳия ба масъалаи мубрам табдил ёфтааст.

Раҳмон биноҳои аз 5-ошёна поинро дар марказҳо мамнуъ кард

Зимни баррасии ин масъала Эмомалӣ Раҳмон кору иқомат дар ноҳияи Данғараро пешниҳод карда, гуфт, ки дашти васеъ ва ҳамвор дорад.  

"Марҳамат ба Данғара, сад ҳазор гектар замин, захираи тиллоии давлати Тоҷикистон. Об баровардем, заминҳо аз худ шуда истодаанд. Одам даркор, ки ин заминро истифода бараду кор кунад, дашти ҳамвор аст. Роҳ шавад, аз Данғара ҳудуди 3 соат масофа аст. Ин дур нест. Одамҳо барои кор, барои зиндагӣ аз як мамлакат ба мамлакати дигар сафар мекунанд", — изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Раисиҷумҳур таъкид намуд, ки дар баробари ин азхудкунии заминҳои нав дар ВМКБ низ ба таври густурда ба роҳ монда шавад. Ӯ афзуд, ки барои аз худ кардани заминҳои нав дар минтақа Ҳукумат омода аст, ки маблағ ҷудо намояд.

Эмомалӣ Раҳмон масъулини вилоят ва ҷумҳуриро муваззаф намуд, дар мавзеъҳое, ки барои зиндагӣ мусоид мебошанд,  инфрасохтори зарурӣ фароҳам шаваду дар ихтиёри аҳолӣ гузошта шавад.